ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 январ, шанбе, 28-умин рӯзи соли 2023 аст

Январь 28, 2023 08:00

28 январи соли 2013  Бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку «Дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку» фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

***

28 январи соли 2009  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистонро «Дар бораи  ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ» тасдиқ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо баргузор гардид.

 28 ЯНВАР:

Рӯзи байналмилалии бекорон.

***

Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи маълумоти шахсӣ.

***

Рӯзи байналмилалии бидуни  интернет.

***

Дар Арманистон – Рӯзи қӯшун.

***

Дар Руанда – Рӯзи демократия.

РӮЙДОДҲО:

***

28 январи соли 2015 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ карда шуд.

***

28 январи соли 2016 дар баҳри Эгей, дар наздикии соҳили Юнон киштии муҳоҷирон ба садама дучор шуд.

***

28 январи соли 1943 дар Олмон даъвати занон ба хизмати ҳарбӣ эълон карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 1939 маҷаллаи ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии «Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

***

Соли 2003 дар Британияи Кабир навъи нави сӯзишворӣ ба фурӯш бароварда шуд.

Январь 28, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш