ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Рӯшон ба маблағи 2 миллион сомонӣ гармхонаҳо бунёд мегарданд

Январь 11, 2023 10:01

ДУШАНБЕ, 11.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар майдони зиёда аз 1,5 гектар замини кишт гармхонаҳо бо маблағи 2 миллион сомонӣ бунёд мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон хабар медиҳад.

Гармхонаҳоро  соҳибкори маҳаллӣ Ҳамдам Давлатмамадов бунёд намуда, баъд аз анҷоми корҳо дар он боз чанд нафар аз сокинони ноҳия соҳиби ҷойҳои нави корӣ мегарданд.

Зимни боздид аз марҳилаи бунёди гармхонаҳо муовини Раиси ВМКБ Умедҷон Носирзода ва Раиси ноҳия Фаррух Додхудо барои меҳнату заҳматҳои шабонарўзии соҳибкор ва бунёдкорон баҳои баланд доданд.

Дар робита ба ин Раиси ВМКБ Алишер Мирозонабот низ зимни машварати васеи назди Раиси вилоят ба ин масъала  таваҷҷуҳ зоҳир  намуда, зикр кард, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ, ҷиҳати таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ба масъалаи бунёди гармхонаҳои нав диққати зарурӣ равона гардида, заминҳои бекорхобида, ки солиёни дароз аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд, дубора мавриди кишт қарор дода шуданд.


Инчунин тазаккур дода шуд, ки бо ташкили ҳавзҳои моҳидорӣ дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Роштқалъа ва дастрас намудани моҳӣ аз вилояти Суғд барои рушди минбаъдаи ин соҳа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Зимнан бояд гуфт, ки амалигардонии як қатор лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар соҳаҳои роҳсозӣ, энергетика оғоз гардида, дар ин росто раванди бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти таъйиноти гуногуни аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят вусъати тоза пайдо кард.

Ҳамзамон Раиси вилоят аз хусуси омодагии муассисаҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба зимистон, таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ, бунёди бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва томактабӣ, истиқболи арзанда аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкории оила, мактаб ва ҷомеа, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва паркҳои технологӣ дар доираи солҳои 2022 – 2026 эълон гардидани «Солҳои рушди саноат» ва дигар самтҳо дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС: МИҲД ВМКБ / Рӯшон

Январь 11, 2023 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид