ТАВАҶҶУҲ! Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз резиши сангу фаромадани тарма ҳушдор медиҳад

Январь 31, 2023 14:56

ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, бинобар гарм шудани ҳавои рӯзҳои охир ва ба амал омадани бориш аз 31 январ то 2 феврал дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари фаромадани тарма ва рехтани сангҳо зиёд аст. Дар робита ба ин  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ  мерасонад, ки аз сафар ба минтақаҳои тармахез худдорӣ намуда,  эҳтиёткор бошанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар баъзе қитъаҳои роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб яхбандӣ ва  хатари фаромадани тармаю сангрезаҳо баланд боқӣ мондааст.

Ҳангоми сафар ба ронандагон маслиҳат дода мешавад, ки аз ҳолати роҳҳо бохабар бошанд, ҳангоми ҳаракат дар навоҳии кӯҳӣ ва ё минтақаҳои хафвноки роҳҳо фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 31, 2023 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд