Ҷурабой Бобоҷонов аз шаҳри Хуҷанд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022» дониста шуд

Январь 28, 2023 09:51

ДУШАНБЕ, 28.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Ҷурабой Бобоҷонов ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии   «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022» гардида, бо мукофоти пулӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ва туҳфаи хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Ҳамчунин, иштирокчиёни озмун — Азизамоҳ Идиева, Фарангез Оддиева бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Гулнамо Мамадгаминова ва Бахтовар Ҳукумзода бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотпулӣ аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 26 январи соли равон  дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022» оғоз гардид, ки дар он  муаллимони  фанҳои  забони англисии Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови шаҳри Душанбе Фарангез Оддиева, забон ва адабиёти тоҷики Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон Гулнамо Мамадгаминова,  алгебра ва геометрияи Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар Бахтовар Ҳукумзода,  физика ва астрономия, роҳбари маҳфили фанни физикаи МДРИ-и вилояти Суғди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҷурабой Бобоҷонов ва омўзгори   синфҳои ибтидоии МТМУ №99 -и шаҳри Турсунзода Азизамоҳ Идиева ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон гардониданд.

Озмун се рӯз идома ёфта, дар он аз рӯи шартҳои муаррифии таҷрибаи корӣ, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, ҷавоб додан ба 10 савол ва кор бо компютер ғолибон муайян карда шуданд.

Мақсад аз баргузории озмун дарёфт намудани омӯзгорони боистеъдод, муаррифии таҷрибаи пешқадами онҳо ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебошад.

Дар маросими ҷамъбастии озмун Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини Вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳоитобеи вазорат, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳайати ҳакамон ва довталабони озмун иштирок намуданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 28, 2023 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд