Вазорати кишоварзӣ: «Имтиёзҳои фароҳамоварда ба рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуданд»

Январь 31, 2023 18:09

ДУШАНБЕ, 31.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Агар соли 2021 дар Тоҷикистон 363 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият мекард, дар айни замон шумораи онҳо ба 372 адад расидааст, яъне соли 2022 дар муқоиса ба соли пешин хоҷагиҳо ба миқдори 9 адад зиёд гардидаанд. Масоҳати майдони ҳавзҳои моҳипарварӣ низ васеъ гардида, аз 2715 гектар ба 2744 гектар расонида шудааст. Ин иттилоъ дирўз, 30 январ зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Масъулин изҳор доштанд, ки баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои Барномаи маҷмўавӣ аз ҶДММ Корпоратсияи «Моҳии Тоҷик» 200000 дона моҳичаҳо харидорӣ гардида, ба хоҷагиҳои моҳипарварии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастрас карда шуд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки баҳри рушди соҳа, баланд бардоштани савияи дониш ва табодули таҷрибаи кормандони хоҷагиҳои моҳипарварӣ моҳи июни соли 2022 дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар заминаи ҶДММ «Амина-К»-и ноҳияи Б.Ғафуров ва хоҷагии моҳипарварии «Рахшона»-и ноҳияи Ашт, инчунин хоҷагии гулмоҳипарварии ҶДММ Корпоратсия «Моҳии Тоҷик» машғулиятҳои илмию амалӣ баргузор гардиданд. Ҳамчунин соли сипаригашта дар шаҳри Ваҳдат низ машғулияти омўзишӣ дар мавзўи «Пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии гулмоҳӣ» гузаронида шуд.

Таъкид гардид, ки шурӯъ аз соли 2017 то инҷониб ба обанборҳои Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 ба миқдори 2 миллиону 125 ҳазор кирминамоҳӣ сар дода шудаанд, ки ин иқдом ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ ҳамасола ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки қабули «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ» барои панҷ соли минбаъда ба хоҷагидорону соҳибкороне, ки майл ба соҳаи моҳипарварӣ доранд, имконияти хубе фароҳам овард. Онҳо аз имтиёзҳои фароҳамнамудаи Ҳукумати кишвар ба соҳаи мазкур ва дастгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавасманд шуда, ҷиҳати васеъ намудани майдони хоҷагиҳои моҳипарварӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 31, 2023 18:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд