«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 27.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар барномаи навбатии «Зан ва зиндагӣ» — и Радиои «Ховар» корманди бахши ободонии қитъаҳои кории Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Ойҷонбӣ ОДИНАЕВА, ки 27 соли умри хешро ба тоза кардани роҳу кӯчаҳои пойтахт ва зебо гардонидани симои зоҳирии шаҳри Душанбе бахшидааст, доир ба фаъолияти хеш дар чунин кори пурмасъул изҳори назар менамояд. Барномаи мазкур имрӯз соати 08:30 ва такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа БАҲРОМЗОДА ва коргардон Наврӯзи НУРУЛЛО аз Радиои «Ховар» пешниҳод мегардад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 ба сеткаи барномаҳои Радиои «ҒМ-Ховар» дар баробари якчанд барномаҳои нав, аз ҷумла «Зан ва зиндагӣ» ворид гардид. Дар барномаи мазкур доир ба кору рўзгори занону духтарони мамлакат, дастоварду муваффақиятҳояшон ва баланд гардидани мартабаи онҳо дар ҷомеа суҳбату гузоришҳо таҳия ва пахш мегарданд.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






