16 феврал Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе соати 09:00 дар ин мақомот доир карда мешавад.
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Кумитаи андоз (кӯчаи Неъмат Қарабоев, 42/2) баргузор менамояд.
Нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14:00 дар вазорати мазкур барпо карда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нишасти матбуотиро соати 14:00 дар мақомоти мазкур доир менамояд.
Нишасти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 15:00 дар Вазорати адлия доир мешавад.
Нишасти матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 15:00 дар Суди Олӣ баргузор карда мешавад.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






