30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Барои сарбозони дидбонгоҳи сарҳадии Фархор 150 нусха китоб тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба Ситоди комендатураи раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор рафта, бо афсарону сарбозон мулоқоти судманд анҷом дод. Ҳамзамон ба китобхонаи дидбонгоҳи сарҳадӣ 150 нусха адабиёти илмӣ, бадеӣ ва тарбиявӣ тақдим карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ оид ба ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сарбозони ватандӯсту далери Ватан ибрози назар карда шуд.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ баҳри болидахотирии сарбозон барномаи хотирмони фарҳангӣ — фароғатӣ, ки саршор аз суруду рақсҳои зебо ва шеърҳои баландмазмун буд, дар сатҳи баланд манзур карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби Донишгоҳ ба афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуд.
Бояд гуфт, ки мулоқот бо афсарону сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва қисмҳои ҳарбӣ аз ҷониби раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, минбаъд низ идома меёбад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон









«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






