30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Дар Норак бо сарбозони қисми ҳарбии Гвардияи миллии Тоҷикистон мулоқот доир карда шуд

Февраль 18, 2023 10:16

НОРАК, 18.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 17 феврал бахшида ба 30-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак мулоқоти роҳбарияти шаҳр бо сарбозони қисми ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Норак доир карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.

Иброз гардид, ки «30-солагии таъсиси Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни пурифтихор буда, хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванди баномус аст ва он далериву ҷасурӣ талаб мекунад».

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мояи ифтихору сарбаландист. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватан-Модарро ёд мегиранд.

Ҳамзамон барои сарбозону афсарони қисми ҳарби дастархонӣ идона ороста шуда, аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

АКС аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Февраль 18, 2023 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид