30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов барои сарбозону афсарони Вазорати мудофиа чорабинии идона баргузор кард

Февраль 22, 2023 17:59

ДУШАНБЕ, 22.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 1850 нафар сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Чорабании мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», аъзои Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов доир карда шуд.

Аз ҷумла барои 1100 нафар сарбозону афсарони Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои 750 нафар сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастархони идона ороста шуд.

Роҳбари ҶДММ «Сарманзил» тасмим гирифт, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ дар байни 2 бинои мавҷудаи хобгоҳи сарбозон бинои нав барои 200 нафар бо тамоми шароит сохта, ба истифода диҳад ва ҳамзамон дар баробари он ду бинои мавҷударо пурра таъмиру болопӯш карда, бо таҷҳизоти муосири гармидиҳӣ таъмин намояд.


Зимни чорабинӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали ҷашнии «30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.


Мавриди тазаккур аст, ки дар асоси ҳидоятҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соҳибкор Маҳмудҷон Муродов пайваста дар корҳои ободонию созандагӣ, кумак намудан ба ятимону барҷомондагон, беморон, шахсони ниёзманду имконияташон маҳдуд ва сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ саҳми муносиб мегузорад.

Рустам ҶАМИЛЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Февраль 22, 2023 17:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд