35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Соҳибкорону саховатпешагони деҳаи Заркамари ноҳияи Қубодиён роҳу мактаб месозанд

Февраль 6, 2023 15:46

ДУШАНБЕ, 06.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Гурўҳи соҳибкорону ташаббускорони Ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон тасмим гирифтаанд, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон  5 км роҳи мошингарди деҳаро дар  кутоҳтарин вақт асфалтпӯш намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Аз ин пеш ин соҳибкорон дар назди мактаби  деҳаи  Заркамар  бинои иловагии таълимиро, ки  аз ду ошёна  ва  4 синфхона иборат мебошад, сохта ба истифода доданд. Бо бунёди ин синфхонаҳои иловагӣ дар мактаби мазкур  камбуди  норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон бартараф гардид.

Ёдовар мешавем, ки зимни вохўрии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолону соҳибкорон 3 феврали соли равон  дар ноҳияи Қубодиён, ки  дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, иброз гардид, ки  аз тарафи ҳамин гурўҳи ташабускорон дар деҳаи «Чунортуға»-и Ҷамоати мазкур боз сохтмони  синфхонаҳои иловагӣ оғоз шудааст.

Яке аз соҳибкорон иброз дошт, ки «тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, мо бояд дўстдории Ватанро на дар сухан, балки дар амал собит намоем. Бо сохтани синфхонаҳои иловагӣ мо ба рушди маориф мусоидат карда, дар таълиму тарбияи фарзандони худамон, ки ояндаи Тоҷикистонанд саҳм мегузорем»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Февраль 6, 2023 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд