Абдулҳаким Розиқзода: Барои таъҷилан ва осон «олим» кардани шогирдон, мутаассифона, баъзе устодони мо ба сохтакориҳо даст мезананд

Февраль 11, 2023 16:59

ДУШАНБЕ, 11.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло ҳам дар раванди омода кардани кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ ҳолатҳои шитобкорӣ, саҳлангорӣ ва як навъ муносибати рӯякӣ нисбат ба онҳое, ки роҳи пурмашаққату заҳматталаби илмро интихоб кардаанд, ба назар мерасад. Дар роҳи таъҷилан ва осон «олим» кардани шогирдон, мутаассифона, баъзе олимони мо ба сохтакориҳо низ даст мезананд. Дар ин хусус Раиси Комиссияи аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳаким Розиқзода 10 феврал зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.

Мавсуф изҳор дошт, ки «роҳбарони илмӣ, экспертҳои дохилӣ, муқарризони расмӣ ва муассисаҳои пешбар баъзе диссертатсияҳоро ҷиддӣ таҳрир ва муҳокима намекунанд, ки дар натиҷа таҳқиқоти пурғалату камарзиш дар Шӯроҳои диссертатсионӣ ҳимоя мешаванд. Асолати баъзе аз диссертатсияҳо хеле паст буда, аз таҳқиқоти дигарон рӯйбардор карда мешаванд, ки дар ин маврид мисолҳои дақиқ дар Комиссия хеле фаровонанд».

Иттилоъ дода шуд, ки соли сипаригардида ба Комиссия 264 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид гардид, ки аз он 137 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия тасдиқ карда шуд. Ҳамзамон зикр гардид, ки дар айни ҳол дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 70 Шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шудаанд, ки аз рӯйи 169 ихтисоси анъанавӣ ва 169 ихтисоси доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос диссертатсияҳоро барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос, номзади илм ва доктори илм қабул ва баррасӣ менамоянд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2023 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд