Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 13-уми Шӯрои сарпарастони Маркази минтақавии идораи оби шаҳрӣ иштирок намуд

Февраль 28, 2023 13:24

ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Теҳрон 22-24 феврал дар иҷлосияи 13-уми Шӯрои сарпарастони Маркази минтақавии идораи оби шаҳрӣ иштирок ва суханронӣ кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суханронии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва истифодаи он дар шаҳрҳо таъкид гардид.

Дар ин замина ҳозирини иҷлосия барои иштирок дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Тоҷикистон ва Нидерланд доир мешавад, даъват шуданд.

АКC: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 28, 2023 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд