«АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 20, 2023 17:44

ДУШАНБЕ, 20.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 23 феврали соли 2023 ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти 30 сол тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ва техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад. Дар робита ба солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони АМИТ «Ховар» мақолаи сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Юсупов ворид шуд, ки манзури хонандагон гардонида мешавад.

— Воқеан ҳар боре, ки доир ба истиқлол ҳамчун арзиши бузурги миллию давлатӣ сухан намоем, беихтиёр номи рукнҳои он вирди забонамон мешавад.

Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, Пули миллӣ ва Артиши миллӣ. Аммо дар ин миён Артиш ба иловаи яке аз рукнҳои истиқлол буданаш масъулияти ҳифзи истиқлолро низ бар дӯш дорад. Масъулияти бисёр сангин ва дар айни ҳол пурифтихор. Масъулияте, ки ба соҳибаш унвони баланди муҳофизи Ватан ва эҳтироми мардумро ато мекунад. Ва ин ифтихорест, ки на ҳар кас ба он мушарраф шуда метавонад. Зеро ноил шудан ба чунин ифтихор аз ҳар фард садоқати воқеӣ ба Ватан, муҳаббати бепоён ба миллат, виҷдони пок, дили гарм ва нияти некро тақозо мекунад.

Мо имрӯз соҳиби артише ҳастем, ки таъриху корномаи начандон тӯлонӣ, вале пурифтихор дорад. Зеро дар ду даҳаи ҳассос барои ба эътидол овардани вазъи сиёсиву амниятӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ фидокорона хизмат кардааст.

Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол 23 феврали соли 1993 таъсис ёфта, 30 сол боз арзи ҳастӣ дорад. Ин Артиш агарчӣ имрӯз соҳиби мақому маҳорат ва техникаву таҷҳизоти зарурӣ буда, ба Артиши пурқудрати минтақа табдил ёфтааст, аммо то расидан ба чунин сатҳ рӯзҳои душвор ва роҳи пурпечутоберо гузаронидааст.

Таърихи поёни асри 20-и ҷумҳуриамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсус дорад. Дар таърихи навини Тоҷикистон волотарин дастовард — соҳиб шудан ба истиқлол аст, ки соли 1991 амалӣ гардид.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он ки ҷумҳуриро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид ва 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид.

Сарфи назар аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии ҷумҳурӣ диққати махсус зоҳир намуда, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафи Артиш бо мутахассисони касбӣ таваҷҷуҳи беандоза равона мекарданд. Зеро амнияти давлату миллат, ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун, пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пеш аз ҳама, ба тинҷиву оромӣ ва мустаҳкамии марзу буми ҷумҳурӣ вобаста аст.

Дуруст аст, ки истиқлол барои Тоҷикистон осон ба даст омад, аммо нигоҳ доштани он хеле гарон афтод. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр бояд сохти давлатдориашро муқаррар мекард. Сарвари давлат қонуни асосии худ – Конститусия, ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия, суду прокуратура, сохторҳои маҳаллӣ, мақомоти давлатӣ, артиши миллӣ ва ғайраро бояд ба вуҷуд меовард ва ин ҳам дар давроне, ки ҷумҳурии тоза ба истиқлолрасида дар оташи даргириҳои дохилӣ месӯхт. Дар даҳаи навадуми асри гузашта ҷумҳуриҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти дорои аҳамияти ҳарбӣ қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Ҳамзамон онҳо аз ҷузъу томҳои дар сарзаминашон будаи собиқ Артиши Шӯравӣ васоити техникии мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногун ва муҳиммоти ҷангиро «мерос» гирифтанд.

Вазъи душвори ҳарбию сиёсии он солҳо, мутаассифона, имкон надод, ки Тоҷикистон аз ин мероси бою ғании низомӣ чизе ба даст орад.

Ба ин тартиб, агарчи дар дигар бахшҳои давлатсозӣ дар ҷумҳурии мо заминаи камтар ё бештаре аз даврони гузашта вуҷуд дошт, аммо дар бораи таъсиси Артиш ва Қувваҳои мусаллаҳ ин гуна замина тамоман набуд ва метавон гуфт, ки Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол соли 1993 дар заминаи холӣ аз сифр бунёд гардид. Давлати навтаъсис дар як замон вазифаҳои ташкили механизми сиёсӣ, ба вуҷуд овардани фазои ҳуқуқи идоракунии соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таъмини тартиботу бехатарии ҷамъиятӣ ва дар айни замон ҳимояи истиқлолро ба уҳда дошт.

Заминаи моддию техникӣ барои Артиш, метавон гуфт, умуман мавҷуд набуд. Норасоии кадрҳои таълимдидаю обутобёфтаи ҳарбӣ ва мутахассиони касбӣ дар ҳамаи ҷанбаҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан ботаҷриба шуд ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт.

Ҳоло дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият доранд: қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои зудамал, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама давраҳои мураккаби бунёди худ нуқта гузошта, ба марҳилаи мувофиқасозии сохтори худ — воқеияти амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расид. Дар ин давра кӯшишу талош баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, баландбардории маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, ҳамзамон такмили донишу маҳорати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ равона карда шуд.

Албатта, таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт, ки дар маҷмӯъ метавон се давраро баршумурд:

Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ- ин ташкили қувваҳои мусаллаҳе буд, ки қобилияти таъмини истиқлол, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Дар давраи мазкур таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда, қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ» ва дигар қонуну санадҳои муҳимми ташкилӣ қабул карда шуданд.

Дар давраи дуюм вазифаи асосӣ такмили сохторҳои ташкилию штатии навъҳои асосии артиш ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра навъҳои асосӣ — Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ таъсис ёфтанд.

Марҳилаи сеюми сохтории Артиши миллӣ баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ оғоз гардида, то имрӯз идома дорад. Қатъ гардидани ихтилоф дар мамлакат имконият фароҳам овард, ки Артиши миллӣ ба мустаҳкамкунии таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳои ҷангию тактикӣ ва такмили омодагии ҷангии онҳо бештар машғул шавад.

Ин давраро метавон давраи асосии рушди Артиши миллӣ ва аз нигоҳи касбию техникию низомӣ комилан мучаҳҳазу мусаллаҳ гардидани он донист.

Машғулияти омодагии сафарбарӣ, ҳамоишҳои мудофиаи ҳудудӣ ва дар заминаи он доир кардани машқҳои амалиётӣ-тактикӣ, ки тибқи нақшаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷавони Тоҷикистон аз соли 2002 бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва комиссарони ҳарбӣ дар ҳама гарнизонҳои ҷумҳурӣ ташкил ва гузаронида мешаванд, ба сатҳи тайёрии ҷангии Артиши миллӣ ва омодагии доимии қувваҳои эҳтиётии мудофиаи ҳудудӣ дар самти ҳифзи ҳама арзишҳои беназири Истиқлоли давлатӣ заминаҳои боз ҳам устувор мегузоранд.

Хизмати ҳарбӣ дар камолоти ҷавонон нақши муассир дорад. Аз давраҳои дури таърих то имрӯз ба пиндори халқу миллати мо, хизмати ҳарбӣ шарафу номуси ватандорӣ ва ё қарзу фарзи ҳар ҷавонмарди худшиносу бедордил аст. Андешаи он ки маҳз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ метавонад ҳар ҷавонмардро обутоб бахшида, ба зиндагии шоиста раҳнамун созад, сад дар сад дуруст аст ва аксар мардони ин сарзамин ин таҷрибаро аз сар гузарондаанд.

Дар ҷумҳуриҳои гуногуни олам низ хизмати ҳарбӣ ба шеваҳои гуногун ҳатмӣ дониста мешавад. Дар бисёр давлатҳо ҷавонон танҳо баъди адои хизмати Ватан метавонанд соҳиби ҷойи кор бошанд, дар сурати ғайр онҳоро ба ҳеҷ як сохтори давлатӣ ба кор қабул намекунанд. Дар баъзе ҷумҳуриҳои дигар, монанди Бангладеш ҳатто ҷавони хизматнакарда наметавонад оиладор шаванд. Албатта, дар ин замина мисолҳо бисёранд, ки аз вазифаҳои муҳим ва қарзи ҷавонмардӣ будани хизмати ҳарбиро тасдиқ менамоянд.

Хушбахтона, дар муқоиса ба солҳои пеш ба сафи Артиши миллӣ ихтиёран пайвастани ҷавонон зиёд мушоҳида мешавад. Агар омили ин раванд, аз як сӯ рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъи буду бош дар қисмҳои ҳарбӣ ё умуман Қувваҳои Мусаллаҳ бошад, аз ҷониби дигар тағйир хӯрдани мафкураи ҷавонон дар ростои меҳанпарастию худогоҳӣ ва муҳити тарбияи онҳо вобаста аст. Дар ин самт нақши падару модарон низ ҳалкунанда мебошад. Саҳнаҳои зебоеро имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки волидайн худашон довталабона фарзандонро ба хизмати ҳарбӣ гусел мекунанд, дар ҳоле ки чанд сол пеш манзараҳои дилхарошеро медидем, ки падар ё модари даъватшавандае садди роҳи ба хизмат ҷалб шудани фарзандон мешуданд.

Як нуктаро бояд таъкид кард, ки феълан қобилияти касбии Артиши миллии Тоҷикистон дар муқоиса бо чанд соли пеш комилан дигар шуда ва хеле тақвият ёфтааст. Ин раванд дар сурате боз ҳам густардатар мешавад, ки агар ҳар фарди ин ҷумҳурӣ- ҳам ҷавонони синни даъватӣ ва ҳам афсарону дигар низомиёни мамлакат иҷрои вазифаҳои хидматии худро афзалият бахшида, аз ҳама чиз болотар гузоранд.

Дар Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муққадаси ҳар шаҳрванд аст. Аз ин рӯ, бо назардошти вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳайати шахсӣ ба ҳисоб гирифтани интизоми баланд дар адои хизмати ҳарбӣ, такмили малакаю маҳорати ҷангӣ ва обутоби ҷисмонӣ мо бояд ин вазифаи худро бо ҳисси ифтихор ва масъулият иҷро намоем. Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми ҷумҳуриро дар назар дорем. Вазифаи ҳар шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлол ва таҳкими рукнҳои давлатдорист, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу субот, осоиштагии мардуми сарзаминамон ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳсос намоянд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши қобили муҳофизати марзу буми ҷумҳурӣ ва истиқлол доранд ва онҳо метавонанд таҳти муҳофизати ин Артиш меҳнат карда, ҳаёти осоишта дошта бошанд.

Ҳарчанд ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, имрӯз бо мутахассисони соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба неруи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ фидокориву мардонагии зиёд нишон дод.

Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони ҷумҳуриҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ чӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ берун аз он пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ гузаронида мешаванд.

Давоми солҳои сипаришуда дар доираи ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ байни вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону ҷумҳуриҳои хориҷӣ якчанд санаду созишномаҳои ҳуқуқӣ, ки низоми муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳарбии ҷумҳуриҳои ба мо ҳампаймонро мушаххас месозанд, ба имзо расида, ҳамчунин суҳбату вохӯриҳои судманд барои густариши минбаъдаи Қувваҳои Мусаллаҳ доир гардид.

Ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомузӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, омодасозии кадрҳои низомӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар айни замон Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 50 ҷумҳурии олам ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ дорад.

Мусаллам аст, ки истиқлол омили таъминкунандаи озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳост. Мо имрӯз ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста кардаанд.

Истиқлоли комил ва рушди ҳар давлат, пеш аз ҳама, ба таъмини вазъи мӯътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа иртибот дорад. Дар ростои ин амр истиқлолу ваҳдати ҳамон ҷомеа поянда хоҳад буд, ки Артиш ва умуман ҳамаи сохторҳои қудратии он вазифаи муқаддаси худро, ки ҳифзи шарафу номуси ҳар фард ва дар маҷмуъ суботи ҷомеа аст, бо ифтихор иҷро намоянд.

Дар айни ҳол сатҳи баланди омодагии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон ба таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста аст. Илова бар ин, дар қисму воҳидҳои низомӣ вохӯрии сарбозон бо волидайн доир гардида, ҳамчунин маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ пайваста ба роҳ монда мешаванд.

Тоҷикистон борҳо эълон ва собит кардааст, ки ҷумҳурии сулҳхоҳ аст ва ба ҳеҷ ҷумҳурии дунё ғараз надорад. Сиёсати хориҷии он ба ҳалли тамоми муноқишаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо роҳи дипломатӣ равона шуда, ҷонибдори тавсеаи муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо ҷумҳуриҳои олам аст. Вале таҳаввулоти ҳарбию сиёсии ҷаҳон моро водор месозад, ки баҳри ҳифз ва таъмини сулҳу субот дар ҷумҳурӣ доимо омода бошем.

Тоҷикистон дар бунёди Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҷумҳурӣ аст, тӯли 30 сол озмоишҳои ҷиддиро пушти сар намуда, дар роҳи баланд бардоштани қудрати дифоии ҷумҳурӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол қадамҳои устувор гузошт.

Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо давоми солҳои мавҷудият собит намуданд, ки дар ҳифзи истиқлол ва тамомияти марзу буми ҷумҳуриамон ҳама вақт омодаанд. Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлол муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Расидан ба қадри истиқлол ва давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар ҷамъ моро ба сӯи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳадафҳои нав мебарад. Муқаддасу бегазанд ва пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлол – ин дастоварди бузург ва неъмати бебаҳо вазифаи давлат ва ҳар шаҳрванди худшиносу худогоҳи ин марзу бум аст.

Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон бо гузашти 30 сол тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо кадрҳои соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ва бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин аст. Хушбахтона, мардуми Тоҷикистон дар симои Артиши миллӣ ҳомию муҳофизи худро дида, рӯ ба бунёдкорию созандагӣ ниҳодаанд. Зеро Артиши миллӣ такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат буда, Ватани азизамонро содиқона муҳофизат менамояд.

Абдуғаффор ЮСУПОВ,
Сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 20, 2023 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши идона доир гардид
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон