Дар Душанбе беш аз 20 садамаи нақлиётӣ бо иштироки скутер ва худравҳои барқӣ сабт карда шудааст

Октябрь 8, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 08.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки ронандагони скутерҳо ва худравҳои барқӣ (самокат) 26 ҳолати садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи чунин қоидавайронкуниҳо 3 нафар ҳалок шуда, 24 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии рух додани чунин садамаҳо, пеш аз ҳама, беэҳтиётӣ, риоя накардани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳаракат бо суръати баланд, баромадан ба самти муқобил ва идора намудани скутер аз ҷониби наврасону ноболиғон мебошанд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 15 то 25 сентябр дар шаҳри Душанбе амалиёти шартии «Скутер» гузаронида шуд. Дар доираи ин амалиёт нисбат ба 60 ронандаи дучарха ва скутер бо моддаи 333-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Чунин амалиёт бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва таъмини амнияти иштирокчиёни ҳаракат гузаронида мешавад.

Масъулини Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе шаҳрвандон, бахусус волидайни наврасону ҷавононро даъват менамоянд, ки фарзандонро бе назорат нагузоранд. Ҳангоми истифодаи скутерҳо ва худравҳои барқӣ (самокат) қоидаҳои ҳаракати роҳро пурра риоя намуда, ҷони худ ва дигар иштирокчиёни ҳаракатро зери хатар нагузоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе фаъолияти худравҳои барқӣ ва скутерҳо ва дигар воситаҳои сайёри инфиродӣ, ба истиснои воситаҳои инфиродии ба қайди давлатӣ гирифташуда, дар роҳҳои мошингард ва пиёдагарди ҳудуди шаҳри Душанбе, ба ғайр аз ҷойҳои махсус муайяншуда то соли 2030 муваққатан манъ карда мешавад.

Ин қарор бо мақсади танзими фаъолияти бенизоми скутер ва худравҳои барқӣ, коҳиш додани садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони роҳҳои мошингард қабул карда шудааст.

Амалӣ гардидани ин тасмим то фароҳам овардани шароити зарурии инфрасохторӣ идома меёбад.

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва афзоиши шумораи воситаҳои нақлиёт масъалаи таъмини бехатарии роҳҳо ва коҳиши садамаҳои нақлиётӣ ба яке аз масъалаҳои мубрам табдил ёфтааст. Яке аз роҳҳои муассири ҳалли ин масъала мутобиқ гардонидани роҳҳо ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Таҳқиқоти байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки дар роҳҳое, ки бо риояи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд шудаанд, шумораи садамаҳо 30–50 дарсад камтар аст.

Бояд гуфт, ки солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти беҳтарсозии инфрасохтори роҳҳо корҳои зиёде анҷом додааст. Татбиқи лоиҳаҳои бузурги роҳсозӣ, аз ҷумла бунёди роҳи Душанбе–Бохтар, Душанбе–Чанок, Душанбе–Қулма бо истифода аз талаботи муосир сохта шудаанд. Ин раванд ба коҳиши садамаҳо ва беҳтар гардидани сифати хизматрасонии нақлиётӣ мусоидат менамояд.

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 34 соли Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон беш аз 2400 километр роҳҳо сохта шуда, қариб тамоми роҳҳои асосии мошингард таҷдид гардиданд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки роҳҳои муҷаҳҳаз бо гузаргоҳҳои бехатар, пулҳои болои роҳ, майдончаҳо барои гузаштани пиёдагардон ва хати ҷудошуда барои велосипедронҳо, скутер ва худравҳои барқӣ теъдоди садамаҳоро бо иштироки ронандагони ин навъи нақлиёт хеле коҳиш медиҳад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Октябрь 8, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд