БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Байни хизматчиёни ҳарбӣ ва сохторҳои қудратӣ мусобиқаи тенниси рӯйи миз ҷараён дорад

Февраль 10, 2023 13:23

ДУШАНБЕ, 10.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 11 феврал бахшида ба 30-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба намудҳои бозиҳои варзиш»-и шаҳри Душанбе байни хизматчиёни ҳарбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат мусобиқа оид ба тенниси рӯйи миз доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар маросими кушодашавии мусобиқа аз ҷониби як ҷузъи Бригадаи десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамал намоиши ҳимояи хеш дар задухӯрдҳои тан ба тан нишон дода шуд.

Мусобиқаи варзишӣ ба таҷлили сазовори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ба рушди камолоти шахсият, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳким бахшидани дӯстию рафоқат байни хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона гардидааст.

Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки шурӯъ аз 1 феврал бо мақсади дарёфти истеъдодҳои намоён аз байни сарбозон дар қисми ҳарбии Вазорати мудофиа фестивал-озмуни «Суруди сарбоз» оғоз гардида, дар сатҳи баланд ҷараён дорад.

Фестивали мазкур дар дигар гарнизонҳои ҷумҳурӣ низ гузаронида шуда, то 14 феврал идома меёбад.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 10, 2023 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд