БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Корхонаҳои саноатии Хуҷанд соли 2022 ба маблағи беш аз 1,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

Февраль 4, 2023 18:36

ДУШАНБЕ, 03.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 1 миллиарду 702 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 2021 262,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаҳои нави саноатии шаҳри Хуҷанд шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи нави ҶДММ «Азия Политекс» барои истеҳсоли халтаҳои гуногунҳаҷм пешбинӣ гардида, дар масоҳати 1,6 га бунёд гардидааст. Маблағи сармоявии ширкат 2,5 миллион доллари амрикоӣ буда, марҳила ба марҳила то ба 10 миллион доллари ШМА расонида мешавад. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали он беш аз 100 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азия Политекс» иттилоъ доданд, ки таҷҳизоту техникаи зарурӣ аз хориҷи мамлакат ворид ва насбу васл гардид. Дар айни замон дар корхона марҳилаи санҷишӣ ва омӯзиши коргарон оғоз ёфта, корхона метавонад дар як моҳ 15 ҳазор дона халта истеҳсол намояд.

Тазаккур дода шуд, ки бо Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар шаҳри Хуҷанд ба бунёди корхонаҳои нав таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, бо дастгириҳои давлатӣ соҳибкорон дар саноатикунонии мамлакат саҳми назаррас гузошта истодаанд. Аз ҷумла, дар маҳаллаи «Темурмалик»-и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми муассисони ҶДММ «Папириус» сохтмони корхонаи коркарди коғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ бомаром идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷамъият дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои туркӣ ояндаи наздик коргоҳи бузурги коркарди коғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфиро ба роҳ мемонад, ки он пурра воридотивазкунанда буда, талаботи рўзафзуни аҳолиро ба ин намуди маҳсулот то қадри имкон қонеъ менамояд. Ояндаи наздик баъди ба истифода додани корхона намудҳои гуногуни дафтар ва дигар анвои ашёи хониш истеҳсол карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд 40 корхонаи хурду миёнаи нави саноатӣ бо фарогирии 289 ҷойи кор таъсис дода шуд.

Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр ба хориҷи мамлакат ба ҳисоби 389,5 миллион сомонӣ молу маҳсулот содирот карданд.

Соли гузашта 94 корхона асосан маҳсулоте истеҳсол намуданд, ки қаблан аз хориҷи мамлакат ворид карда мешуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Февраль 4, 2023 18:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 4 корхонаи саноатӣ, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 кӯдакистонро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ ба корҳои сохтмонии корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Паҳндара Майнинг» оғоз бахшиданд
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид