Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо мерасад
ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик ба имзо расонидани лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Озарбойҷон дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус зимни вохӯрии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки марказии Озарбойҷон таҳти роҳбарии раиси бонки мазкур иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллӣ хабар доданд, дар мулоқот ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва муҳокимаи масири нави ҳамкории низоми бонкии Тоҷикистон ва Озарбойҷон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Иброз гардид, ки маҳз ба шарофати рушди устувори иқтисодӣ ва шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон самтҳои афзалиятноки ҳамкории байнибонкӣ муайян гардиданд.
Роҳбарияти Бонки марказии Озарбойҷон зимни вохӯрӣ баён дошт, ки новобаста аз буҳронҳои иқтисодиву сиёсии ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ ва таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ Бонки марказии Озарбойҷон тавонист соли 2022-юмро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намояд.
Дар доираи ислоҳоти низоми бонкӣ Бонки марказии Озарбойҷон якчанд стратегия ва барномаҳо, аз қабили «Стратегияи рақобатпазирии иқтисодии кишвар барои то соли 2025», «Стратегияи рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, «Барномаи дастгирии соҳибкории хурд ва миёна» ва «Рейтинги рақобатпазирии бонкҳо»-ро таҳия намуд.
«Бонки марказии Озарбойҷон омода аст, ки ҷиҳати табодули таҷриба дар ин самт бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкории судманд ба роҳ монад», — изҳор гардид зимни мулоқот.
АКС: шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст






