Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба ватандӯстӣ чун омили таҳкими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ҳамоиш доир карда шуд

Февраль 12, 2023 10:27

ХУҶАНД, 12.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Ватандӯстӣ- омили таҳкими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ» бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.  

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Аюб Усмонзода иброз дошт, ки «қабул гардидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз ҷумлаи ибтикороти  дигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки ба сиёсати дурбинонаву хирадгароёнаи Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон робитаи зич дорад».

Гуфта шуд, ки ниёзҳои ҷомеаи имрӯзи мо зарурати қабули қонуни мазкурро тақозо намуд, ки  мавриди амал қарор гирифтани он дар болоравии ҳисси ватандўстии ҷавонон нақши муассир мегузорад.

“Ҳанӯз дар оғози давлатдории навини мамлакат  Пешвои миллат ба неруи зеҳнии ҷавонон такя намуда, аввалин мулоқоти хешро дар ҳамин марҳилаи бениҳоят ҳассос моҳи феврали соли 1993 доир намуданд. Ҳамчунин дар аксари суханрониҳои хеш Президенти Тоҷикистон  ба масъалаи ватандӯстӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ташаккули тафаккури шаҳрвандон дар роҳи ҳифзи манфиатҳои давлату ҳукумат ба таври алоҳида ишора менамоянд, ки ин ҳам ба унвони иқдому ибтикороти тоза дар ҷомеаи мадании мамлакат эътироф гардидааст”,-гуфт ректори донишгоҳ.

Дар ҳамоиш қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз ибтикороти шоистаи Сарвари давлат арзёбӣ гардид. Иброз гардид, ки Президенти Тоҷикистон бо эҳсоси баланд нақш ва ҷойгоҳи тарбияи ватандӯстиро ҳанӯз дар яке аз суханрониҳояшон чунин баён доштанд: “Ғояҳои ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтироми суннатҳои фарҳанги миллӣ, эҳтиром гузоштан ва ҳифз кардани анъанаҳои таърихӣ ва тамаддуни ниёгон, ҳама дар маҷмўъ, қисми таркибии сиёсати мо дар рушди фарҳанги миллӣ, таҳкими истиқлол ва давлатдории навини миллии мо мебошанд”.

Ёдовар мешавем, ки 24 декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони мамлакат ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Февраль 12, 2023 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид