Дар Душанбе ҳавопаймои «Y-12E»-и сохти чинӣ муаррифӣ гардид

Февраль 24, 2023 11:05

ДУШАНБЕ, 24.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи мулоқоти роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо намояндагони ширкати «AVIC INT» (AVIC International Holding Corporation)-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе ҳавопаймои чинии «Y-12E» муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.

Намояндагони ширкати чинии «AVIC INT» иброз доштанд, ки ин навъи ҳавопаймо барои истифода дар манотиқи кӯҳӣ мувофиқ буда, имкони парвозу нишаст дар хати парвозии кӯтоҳ ва мумфаршнашуда дорад. Ҳавопаймоҳои сохти «Y-12E» ҳавопаймоҳои сабуки самаранок мебошанд, ки аз ҷониби Корпоратсияи саноатии авиатсионии Чин (AVIC) истеҳсол шудаанд. Ҳавопаймои «Y-12У» 18-20 ҷойи нишаст дошта, ҳам барои интиқоли мусофирон ва ҳам барои боркашонӣ муносиб мебошад.

Ёдовар мешавем, ки «AVIC International Holding Corporation» яке аз бузургтарин ширкатҳои тиҷоратии Чин буда, асосан ба саноати авиатсионӣ тахассус ёфтааст ва ба Корпоратсияи давлатии саноати авиатсионии Чин шомил мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» алҳол парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Русия, Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон ва Узбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 24, 2023 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд