Дар Хоруғ оқибатҳои офати табиӣ бартараф гардида, ба зарардидагон кумак расонида мешавад
ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Рӯзи дуюм аст, ки дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва ҷустуҷўи ҷасади ду нафар шаҳрвандони бе нишон гумшуда идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят ситоди доимоамалкунанда фаъолият намуда, кормандони идораву муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳри Хоруғ, сохторҳои қудратию низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин сокинони маҳаллӣ ҷустуҷӯи ҷасади ду нафар шаҳрванди бе ному нишонгардидаро идома медиҳанд.
Ба масъулон дастур дода шудааст, ки барои беосеб аз байни тарма баровардани ҷасадҳои ҷустуҷӯшаванда аз ҳамаи имкониятҳо истифода баранд. Дар мавзеи мазкур барои нафароне, ки ба корҳои ҷустуҷӯӣ ҷалб шудаанд, хӯроки гарм омода гардида, барои ҳарчӣ зудтар дарёфт намудани ҷасадҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз тамоми сокинон ва меҳмонони вилоят эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки бе зарурат ба сафар набароянд, аз ҳаракат дар мавзеъҳои хатарнок худдорӣ намуда, ҳаёти худро зери хатар нагузоранд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 15 феврал бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби шахсони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони аввали як қатор вазорату кумитаҳо Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд.
Аъзои Комиссияи давлатӣ вазифадор шуданд, ки дар муҳлати кутоҳтарин оқибатҳои офати табииро бартараф карда, ба оилаҳои зарардида кумаки моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз қабили маводи хӯрока, сару либоси гарм ва дигар ашёи зарурии рӯзгор дастрас намоянд.
Таъкид бояд кард, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти назорати шахсии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
София ШОИК,
АМИТ«Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






