Дар шаҳри Бӯстон 200 бех ниҳоли ҳамешасабзи ороишии санавбар ва дарахти коҷ шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардида, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр 200 бех ниҳоли ҳамешасабзи ороишии санавбар ва дарахти коҷ шинонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин шаҳр.
Дар мавсими имсола шинонидани қариб 1500 бех дарахти ҳамешасабзу паҳнбарг пешбинӣ шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бобати сарсабзу хуррам намудани шаҳр дар якҷоягӣ бо сокинон мунтазам корҳои ободониву созандагиро ба роҳ монда, дар мавсими ниҳолу гулшинонӣ аз ҳар рӯзи мусоид самаранок истифода менамоянд.
Ҳар ҳафта рӯзи шанбе бо иштироки доираи васеи сокинони шаҳр — кормандони касбу кори гуногун корҳои тозагию ободонӣ ташкил гардида, гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ шинонида мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






