Дар шаҳри Хоруғ тарма фаромада, якчанд хона ва одамон зери он мондаанд

Февраль 15, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. 15 феврал, тахминан соати 10:00, дар мавзеи Шош-Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тарма фаромадааст, ки якчанд хона ва одамон зери тарма мондаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар айни замон наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи мазкур дар вилоят, неру ва воситаҳои низоми давлатии ягона оид ба рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулодаи вилоят дар ҷойи ҳодиса машғули коранд.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, дирӯз, 14 феврал дар қаламрави Бадахшон 9 ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот доир ба бориши барфи шадиду фаромадани тарма, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ шудааст ва оид ба бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳарчӣ зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва расондани кумаки моддӣ ба оилаҳои зарардида ба Сарвазири мамлакат, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ

Февраль 15, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд