Дар Шаҳринав корхонаи парандапарварӣ барои парвариши 200 ҳазор сар мурғи гӯштдеҳ бунёд карда мешавад

Февраль 6, 2023 20:30

ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав корхонаи хурди парандапарварӣ барои парвариши 200 ҳазор сар мурғ барои гӯшт бунёд карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад.

Корхона аз ҷониби филиали корхонаи хурди парандапарварии ҶДММ «Агрофирма» сохта шуда, аз 4 коргоҳ иборат мебошад. Дар ҳар коргоҳи он ба миқдори 50 ҳазор сар мурғи гӯштдеҳ парвариш карда мешавад.

Корҳои сохтмонӣ охири соли 2022 оғоз ёфта, коргоҳи якум моҳи марти соли равон ба фаъолият шурӯъ мекунад. Дар айни замон корҳои васлу насбкунӣ бомаром идома доранд.

Корхона аз ҷониби соҳибкор Абдуқаҳҳор Шодиев бунёд гардида, 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Корхонаи мазкур моҳи декабри соли 2024 пурра мавриди истифода қарор дода мешавад.

АКС:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии ноҳияи Шаҳринав

Февраль 6, 2023 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад