Дар соли таҳсили 2021-2022 беш аз 970 нафар хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи байналмилалӣ ғолиб гардиданд

Февраль 14, 2023 14:04

ДУШАНБЕ, 14.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2021-2022 4  ҳазору 945 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи байналмилалӣ, ки дар Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Британияи Кабир, Италия, Чин, Олмон ва Русия баргузор шуданд, иштирок намуда, аз ин шумора 972 нафар ғолиб гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Тазаккур дода шуд, ки дар даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ барои хонандагони синфи 11, олимпиадаи даставӣ (синфҳои 9-10), олимпиадаи фаннӣ барои наврасон (синфҳои 7-8 ва 5-6) 1 ҳазору 372 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, 672 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф шуданд. Дар олимпиадаҳои мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров — 136, Исфара — 127, Хуҷанд — 116, Конибодом — 54, Спитамен — 52, Ҷаббор Расулов — 35 нафар соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.

Ба таъкиди масъулини соҳа, соли таҳсили 2022-2023 дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят 11 маҳфил аз фанҳои математика, химия, физика ва биология амал карда, ба онҳо 132 нафар хонандагони болаёқат аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Бӯстон ва Ҷаббор Расулов ба таври ройгон ҷалб гардидаанд.

Дар маҷмӯъ дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 161 маҳфили фаннӣ бо фарогирии 1 ҳазору 954 нафар хонандагони болаёқат фаъолият дорад.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 14, 2023 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд