Дар Суғд бо истифода аз таҷрибаи пешқадам токзори нав бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 18.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Соли равон дар вилояти Суғд 500 гектар токзор бунёд гардида, дар он таҷрибаи пешқадам ва навгониҳои замони муосир истифода бурда мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Зимни мулоқоти роҳбарияти вилояти Суғд бо президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Турсунзода ва роҳбари хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» иброз карда шуд, ки дар вилояти Суғд ташкили токзор бо истифода аз таҷрибаи ангурпарварони шаҳри Турсунзода ҷараён дошта, то имрӯз 150 гектар токзори нав бунёд гардидааст.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки ангурпарварони шаҳри Турсунзода ба ҳамкорӣ бо кишоварзони вилоят омода буда, дар бунёди токзори нав саҳм мегузоранд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода яке аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзӣ буда, дар самти бунёди токзор таҷрибаи бой дорад. Хоҷагӣ дорои 500 гектар токзор буда, дар он навъҳои беҳтарини ангур истеҳсол ва содирот карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд беш аз 11 ҳазор токзори наву анъанавӣ мавҷуд буда, соли 2022 деҳқонон 60 ҳазор тонна ангур истеҳсол намуданд.
АКС: АМИТ«Ховар»








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






