Дар Тоҷикистон даври дуюми омӯзишӣ оид ба масунияти аҳолӣ нисбат ба сирояти COVID-19 гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 19 феврал дар Тоҷикистон тадқиқоти миллии даври дуюми омӯзишӣ оид ба масунияти аҳолӣ нисбат ба сирояти COVID-19 гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки тадқиқоти миллӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Пажӯҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Л.Пастери Хадамоти федеролии Роспотребнадзори Федератсияи Русия доир карда мешавад.
Барои иштирок дар тадқиқоти мазкур шаҳрвандон метавонанд ба марказҳои саломатии маҳали зисташон дар шаҳри Душанбе- марказҳои саломатии шаҳрии №1,8,9,10,12,13 ва 14, дар шаҳри Турсунзода ба Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, дар шаҳри Ваҳдат ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва беморхонаи марказӣ, дар шаҳри Ҳисор ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, дар вилояти Хатлон ба Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, дар вилояти Суғд ба Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва кумаки аввалияи тиббию санитарӣ шаҳри Хуҷанд, дар шаҳри Панҷакент ба Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, дар шаҳри Истаравшан ба Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва дар шаҳри Исфара ба Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ муроҷиат намоянд.
Бақайдгирӣ дар назарсанҷӣ дар баъзе шаҳру навоҳии мамлакат ба таври электронӣ сурат мегирад. Ташхис барои муайян намудани масунияти шаҳрвандон нисбат ба сирояти COVID-19 ройгон мебошад.
Агар доир ба масъалаи мазкур савол дошта бошед, ба рақами 511- Маркази зиддибуҳронӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба COVID-19 муроҷиат намуда, маълумоти дақиқ дастрас намоед.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






