Дар Тоҷикистон муҳлати азнавбақайдгирии SIM-кортҳои алоқаи мобилӣ ба муҳлати як сол тамдид карда шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Муҳлати бақайдгирии симкортҳо як соли дигар тамдид карда мешавад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки муҳлати азнавбақйдгирии симкортҳо, ки як сол пеш то 15 феврали соли 2023 дароз гардида буд, имрӯз ба охир расид.
Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки 15 феврал эътибор пайдо кард, ҳамаи муштариёни телефонҳои мобилӣ бояд SIM-корти худро бо шиносномаҳои ID — намунаи cоли 2014 аз нав ба қайд гиранд.
Дар айни замон дар Тоҷикистон бо шиносномаи намунаи соли 1996 882 ҳазору 774 рақам фаъол буда, то ҳол бо намунаи соли 2014 (ID корт) ба қайд гирифта нашудаанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






