Дар Тоҷикистон шумораи нашъамандон нисбат ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 03.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи омори расмӣ, 4381 нафар нашъамандон ба қайд гирифта шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 (4749 нафар) 368 нафар ё 7,7 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз теъдоди умумии беморони нашъаманд 101 (2021-107) нафарро занҳо ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2021 6 нафар кам шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф тазаккур дод, ки дар ҷумҳурӣ 70 дарсади маводи мухаддири мусодирашударо ҳашиш ташкил медиҳад. Илова бар ин, коҳиши мусодираи героин мушоҳида мешавад, агар соли 2021 251 кг героин мусодира шуда бошад, соли 2022 ин рақам ба зиёда 139 кг баробар шудааст. Дар ҳамин ҳол, мусодираи афюн соли 2022 30 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳабибулло Воҳидзода гуфт, ки соли 2022 дар ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 4 тоннаю 169 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки нисбат ба соли 2021 (4 т 83 кг 274 г) 83 килограмму 105 грамм кам аст.
Директори Агентӣ иброз дошт, ки соли 2022 аз муомилоти ғайриқонунӣ 520 кг 530 гр (2021-357 кг 638 гр) маводи нашъаовар мусодира гардид, ки ҳаҷми маводи мусодирашуда дар маҷмӯъ нисбат ба соли 2021 162 кг 892 гр ё 45,5 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин дар ин давра 5 кг 303 гр моддаҳои психотропӣ мусодира карда шуданд.
Илова бар ин Агентӣ фаъолияти 37 (2021-47) гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 89 (2021-107) нафар ва 3 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро дар ҳайати 6 нафар ошкор ва дастгир намуд.
Ҳамзамон Агентӣ бо мақомоти салоҳиятдори Русия ду амалиёти муштарак гузаронид, ки дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 3 кг маводи нашъаовар мусодира карда шуд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар








Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд






