«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-БУНЁДГУЗОРИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир карда шуд

Февраль 22, 2023 18:28

ДУШАНБЕ, 22.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки дар таъсис ва таҳкими иқтидори минбаъдаи Артиши миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим буда, бо шарофати хирадмандӣ ва дурандешии Пешвои миллат имрӯз ҳамаи шароит барои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фароҳам оварда шудааст, то хизматчиёни ҳарбӣ тавонанд бо интизоми қавӣ, донишу малакаи сатҳи баланд, истифодаи моҳиронаи техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баҳри ҳимояи далеронаи Ватан ва саъю кӯшишҳо ҷиҳати таъмини ҳаёти осоишта ва созандаи мардуми тоҷик хидмат намоянд.

Гуфта шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 1993 Маркази таълимии Қӯшунҳои хушкигард таъсис дода шуд, ки дар вақти нарасидани кадрҳои низомӣ тадбири хеле пурарзиш буд. Мутахассисони хурди низомие, ки аз ҳисоби сарбозон дар ин маркази таълимӣ омода карда мешуданд, дар ташкил ва таҳкиму тақвияти ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ нақши муҳим бозидаанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба як зумра раисони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандонро дар муҳлати 20 рӯзи аввали моҳи октябри соли 2022 иҷро намуданд, сипоснома тақдим карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 22, 2023 18:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд