ФОНДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ. Бахшида ба 30-солагии таъсиси фонд дар Душанбе конфронси байналмилалӣ доир карда мешавад

Февраль 25, 2023 17:07

ДУШАНБЕ, 25.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Даҳаи аввали моҳи июн дар Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал конфронси байналмилалӣ баргузор карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фонди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шуда, имсол аз таъсиси  он 30 сол сипарӣ мегардад.

Ҳадафи таъсиси фонди мазкур, пеш аз ҳама, бартарафсозии буҳрони экологӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳавзаи баҳри Арал мебошад,  ки батадриҷ пастшавии сатҳи онро ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз фоҷиаҳои асри ХХ арзёбӣ намуда буд.

Рамзи ҷашнии 30-солагии  Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз ҷониби Президенти Фонди байналмилалии наҷоти Арал  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст.

 АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 25, 2023 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд