ФУТБОЛ. Имрӯз дар Ҳисор бозии дӯстонаи Тоҷикистон (U-20) ва Cурия (U-20) доир карда мешавад

Февраль 21, 2023 09:50

ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор вохӯрии якуми дӯстонаи дастаҳои ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Сурия баргузор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Бозӣ соати 16:00 оғоз мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ду бозии дӯстона бо Сурия дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 доир мегарданд.

Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1 то 18 март дар Узбекистон баргузор карда мешавад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои миллии Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) вомехӯрад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 21, 2023 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд