Гӯштингирони тоҷик дар мусобиқаи рейтингии Миср сабқат менамоянд
ДУШАНБЕ, 21.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар силсиламусобиқоти дуюми рейтингӣ оид ба гӯштин, ки 23-26 феврал дар шаҳри Александриаи Миср баргузор мешавад, иштирок мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар гӯштини юнонӣ-римӣ се варзишгар: Асламҷон Азизов (-60кг), Фирӯз Мирзораҷабов (-67кг) ва Шероз Очилов (-72кг) намояндагӣ мекунанд. Онҳоро дар ин мусобиқа сармураббӣ Равшан Ҳайдаров роҳбарӣ менамояд.
Қарор аст дар мусобиқа 466 варзишгар аз 48 давлати ҷаҳон иштирок кунанд. Аз ҷумла, дар гӯштини тарзи озод 184 нафар, дар гӯштини юнонӣ-римӣ 149 нафар ва дар гӯштини бонувон 133 нафар номнавис шудаанд.
АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






