ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ МАКТАБИ МАРДОНАГИСТ. Дар ноҳияи Сангвор ҳамоиши идона доир гардид

Февраль 23, 2023 08:41

САНГВОР, 23.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву ифтихори ватандории наврасону ҷавонон дар ноҳияи Сангвор таҳти унвони «Хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби мардонагист» ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб шуда, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дарк намудаанд, ки нақши Артиши миллӣ дар пойдории сулҳу субот ва оромию тинҷии мамлакат арзанда аст.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сангвор Туйчии Нурмаҳмад изҳор дошт, ки “ҷавонони саодатманди миллати тоҷик имрӯзҳо дар партави сиёсати хирадмандонаву сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат баҳри дифои марзу бум ва осоиштагиву ҳамбастагӣ камари ҳиммат баста, дар оромии саросарии Тоҷикистон саҳми шоёну назарас мегузоранд. Хушбахтона, дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ соли чорум аст, ки ҷавонони ватандӯсти ноҳияи Сангвор сари вақт ба сафи Артиши миллӣ шомил гардида, дар рӯзи якуми даъват маъракаро ба анҷом мерасонанд. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки соли равон низ дар рӯзи якуми мавсими даъвати баҳорӣ нақшаи даъвати ноҳия сари вақт иҷро мегардад”.

Бо ташаббуси роҳбарияти ноҳияи Сангвор дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонони даъватшаванда, ки дар мавсими баҳорӣ ба сафи Артиши миллӣ сафарбар мешаванд, дастархони идона ороста, онҳоро бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуданд.

Даъватшаванда Талабшо Мирзоев гуфт, ки “бояд ман ҳам мисли дигар ҷавонони бонангу бономус, родмардони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодии хеш шуда, бо ақлу заковат ва ҷонфидоёна марзу буми Ватанро аз душманон ҳифз намоям”.

АКС: Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сангвор

Февраль 23, 2023 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад