ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ МАКТАБИ МАРДОНАГИСТ. Дар ноҳияи Сангвор ҳамоиши идона доир гардид
САНГВОР, 23.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву ифтихори ватандории наврасону ҷавонон дар ноҳияи Сангвор таҳти унвони «Хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби мардонагист» ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб шуда, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дарк намудаанд, ки нақши Артиши миллӣ дар пойдории сулҳу субот ва оромию тинҷии мамлакат арзанда аст.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сангвор Туйчии Нурмаҳмад изҳор дошт, ки “ҷавонони саодатманди миллати тоҷик имрӯзҳо дар партави сиёсати хирадмандонаву сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат баҳри дифои марзу бум ва осоиштагиву ҳамбастагӣ камари ҳиммат баста, дар оромии саросарии Тоҷикистон саҳми шоёну назарас мегузоранд. Хушбахтона, дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ соли чорум аст, ки ҷавонони ватандӯсти ноҳияи Сангвор сари вақт ба сафи Артиши миллӣ шомил гардида, дар рӯзи якуми даъват маъракаро ба анҷом мерасонанд. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки соли равон низ дар рӯзи якуми мавсими даъвати баҳорӣ нақшаи даъвати ноҳия сари вақт иҷро мегардад”.
Бо ташаббуси роҳбарияти ноҳияи Сангвор дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонони даъватшаванда, ки дар мавсими баҳорӣ ба сафи Артиши миллӣ сафарбар мешаванд, дастархони идона ороста, онҳоро бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуданд.
Даъватшаванда Талабшо Мирзоев гуфт, ки “бояд ман ҳам мисли дигар ҷавонони бонангу бономус, родмардони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодии хеш шуда, бо ақлу заковат ва ҷонфидоёна марзу буми Ватанро аз душманон ҳифз намоям”.
АКС: Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сангвор








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






