Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Беппуи Ҷопон фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ карданд
ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Беппуи Ҷопон фарҳанги миллати тоҷиконро муаррифӣ карданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар фестивали фарҳангӣ, ки 29 январ дар шаҳри Беппуи Ҷопон бо ташаббуси ҳукумати шаҳри Беппу доир гардид, намояндагони Тоҷикистон, Узбекистон, Индонезия, Шри Ланка, Покистон, Бангладеш ва дигар давлатҳои минтақа фарҳанг ва таомҳои миллии худро муаррифӣ намуданд.
Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ки масъули муаррифии гӯшаи Тоҷикистон буданд, ба ҷопониён ва хориҷиёни шаҳри Беппу оид ба фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои тоҷикон иттилоъ дода, ба онҳо таомҳои тоҷикиро пешкаш намуданд. Кулчаи тоҷикӣ, самбӯса ва оши палав ба ташрифоварандагон писанд омад. Ин имконияти мусоиде буд, ки ҷопониён ва сокинони шаҳри зебоманзараи Беппу оид ба Тоҷикистон, манзараҳои нотакрор, урфу одат ва таомҳои миллии он огаҳӣ пайдо созанд.
Намояндагони Тоҷикистон иброз доштанд, ки «таваҷҷуҳи зиёди тамошобинон ба гӯшаи Тоҷикистон ҳар яки моро сарфароз аз он намуд, ки мо соҳибдавлатему соҳибватан, фарҳангу анъанаву суннатҳои таърихии ғанӣ дорем, ки сарбаландона онҳоро ҳамчун мероси миллати тоҷик миёни ҳазорҳо нафар хориҷиён муаррифӣ менамоем».
Мавриди тазаккур аст, ки Беппу шаҳри сайёҳӣ буда, ба шарофати мавҷуд будани гармчашмаҳои табиӣ ҳамасола беш аз 11 миллион сайёҳи дохилию хориҷӣ меҳмони он мешаванд. Ҳамзамон дар ин шаҳр Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан (APU) ҷойгир шудааст, ки чандин нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи барномаи JDS зинаҳои магистратура ва докторантураро дар он хатм намудаанд. Дар айни замон 5 нафар хизматчиёни давлатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин донишгоҳ таҳсили худро муваффақона идома дода истодаанд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






