Исмоили Маҳмадзоир ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудоро бо мукофотҳои молиявӣ ҳавасманд намуд

Февраль 13, 2023 09:35

ДУШАНБЕ, 13.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо муайян гардиданд. Дар мусобиқаи мазкур, ки 11 ва 12 феврал доир гардид, 363 нафар ҷудокорони тоҷик барои ба даст овардани нишонҳои фахрии он сабқат намуданд. Маротибаи аввал ҷоизадорони Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо бо мукофотҳои молиявӣ аз ҷониби Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир қадрдонӣ гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Федератсияи ҷудои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар рӯзи нахустини он аз рӯи 7 вазн байни 250 ҷудокор қувваозмоиҳо доир карда шуданд.

Дар мусобиқаи баргузоргардида тибқи раддабандии умумиҷумҳуривӣ ҷудокороне, ки мақоми аввалро касб карданд, 700 имтиёз, ҷои дуюм 490 имтиёз ва ҷойҳои сеюм 350-имтиёзӣ ба даст оварданд ва ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои мамлакат шомил шуданд.

Дар рӯзи якуми мусобиқа ҷудокорон зери вазнҳои -57 кг, -60 кг, -66 кг ва -73 кг рақобат карданд. Нахуст ҷудокорони зери вазни то 57 кг миёни бонувон барои нишонҳои фахрии мусобиқа қувваозмоӣ намуданд. Дар ин вазн Шоҳида Қаландарова тавонист, ки бо мағлуб кардани Фазилат Гулбоева соҳиби медали заррини мусобиқа гардад. Рӯзафсун Бекназарова медали биринҷиро ба даст овард.

Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо

Вазни -57кг

1. Шоҳида Қаландарова
2. Фазилат Гулбоева
3. Рӯзафзун Бекназарова

Дар идома ҷудокорони вазни то 60 килограмм ба майдон баромаданд. Дар ин вазн 37 ҷудокор байни ҳам сабқат карданд. Дар ин вазн Ҳақдод Гулов бартарӣ нишон дода, тавонист, ки дар финал ба муқобили Муҳаммад Маҳмадизода ғалаба ба даст биёрад. Медалҳои биринҷиро дар ин вазн Меҳрзод Суфиев ва Саъдӣ Маҳмадов соҳиб шуданд.

Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо

Вазни -60 кг

1.Ҳақдод Гулов
2.Муҳаммад Маҳмадизода
3.Меҳрзод Суфиев
3. Саъдӣ Маҳмадов

Зери вазни то 66 кило Эмомалии Нуралӣ дар як рақобати тӯлонӣ дар даври ниҳоӣ Шаҳбоз Саидабуроровро шикаст дода, медали тиллоро ба гардан овехт. Фирӯз Мелибойзода ва Ориф Додов медалҳои биринҷиро ба даст оварданд. Дар ин вазн 38 ҷудокор иштирок намуданд.

Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо

Вазни -66 кг

1. Эмомалии Нуралӣ
2. Шаҳбоз Саидабуроров
3. Фирӯз Мелибойзода
3. Ориф Додов

Миёни вазни то 73 килограмм 35 ҷудокор барои нишонҳои фахрӣ талош варзиданд. Дар ин вазн касе ба Маҳмадшариф Наҷмиддинов баробар шуда натавонист. Ҳамин тавр, медали тилло насиби ин ҷудокори бомаҳорат аз ноҳияи Файзобод гардид. Медалҳои нуқра ва биринҷиро Абубакр Шеров, Мирзоҷамил Рамазонов ва Илҳомиддин Ҷабборов ба даст оварданд.

Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо

Вазни -73кг

1. Маҳмадшариф Наҷмиддинов
2. Абубакр Шеров
3. Мирзоҷамил Рамазонов
3. Илҳомиддин Ҷабборов

Дар рӯзи дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 113 ҷудокор дар панҷ вазн байни ҳам мубориза бурданд. Нахуст, зери вазни то 63 кг рақобатҳо байни бонувон доир гардид. Ҷонона Назарова аз шаҳри Кӯлоб тавонист, ки дар даври нимниҳоӣ ба муқобили Қурбонгул Ҳалимова пирўзӣ ба даст оварда, дар финал ба муқобили ҳарифи тавонманд Мавлуда Одинаева бо як имтиёзи вазарӣ зафар ёбад. Медали биринҷӣ насиби Қурбонгул Ҳалимова, медали нуқра насиби Мавлуда Одинаева ва медали заррини мусобиқа насиби Ҷонона Назарова гардид.

Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо

Вазни -63 кг

1. Ҷонона Назарова
2. Мавлуда Одинаева
3. Қурбонгул Ҳалимова

Зери вазни то 81 килограмм миёни 35 ҷудокор бо иштироки ҷудокорони шинохта, ба монанди Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Ҳамроз Раҷабов, Умар Расулов, Акмал Муродов рақобатҳо бисёр ҳам тезу тунд ҷараён гирифт. Чеҳраи ҷадид дар ин вазн Сайфиддин Сайфиддинзода аз вилояти Суғд буд, ки дар даври нимниҳоӣ Ҳамроз Раҷабовро мағлуб карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Чеҳраи асосии ин вазн Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар даври нимниҳоӣ бо имтиёзи иппон ба муқобили Умар Расулов зафар ёфта, ба даври ниҳоӣ баромад. Дар даври ниҳоӣ Абдуҷалилзода аз як иштибоҳи Сайфиддинзода самаранок истифода бурда, медали заррини мусобиқаро соҳиб шуд. Медалҳои биринҷии ин вазн насиби Ҳамроз Раҷабов аз вилояти Суғд ва Умар Расулов аз ШНТМ шуд.

Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо

Вазни -81 кг

1. Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода
2. Сайфиддин Сайфиддинзода
3. Умар Расулов
3. Ҳамроз Раҷабов

Дар вазни то 90 килограмм 32 ҷудокор ба ҳам омаданд. Чеҳраи нави ин вазн Умедҷон Раҷабов аз шаҳри Душанбе буд, ки то ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври ниҳоӣ Умедҷон бо Ҳақназар Назаров аз шаҳри Ҳисор қувваозмоӣ кард ва бо як имтиёзи вазарӣ ноком шуд.

Ҳақназар маротибаи чаҳорум медали тиллои Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудоро соҳиб шуд. Акмал Муродов ва Кароматулло Ҳакимов бо медалҳои биринҷии мусобиқа сазовор гаштанд.

Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо

Вазни -90 кг

1. Ҳақназар Назаров
2. Умедҷон Раҷабов
3. Акмал Муродов
3. Кароматулло Ҳакимов

Дар вазни то 100 килограмм медали тиллоро соли гузашта Абубакри Акобир соҳиб гардида буд. Имсол Исроил Раҳимов аз шаҳри Душанбе соҳиби медали тиллои ин вазн шуд. Ӯ дар даври ниҳоӣ Саидҷамол Алимардоновро сарафканда кард. Медалҳои биринҷиро Улуғбек Раҳимов ва Ворис Нуриддинов соҳиб шуданд.

Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо

Вазни -100 кг

1. Исроил Раҳимов
2. Саидҷамол Алимардонов
3. Ворис Нуриддинов
3. Улуғбек Раҳимов

Байни сангинвазнҳо мо такрори финали соли гузашта миёни Мансур Раҳмон ва Иброҳим Элмуродовро шоҳид шудем. Мансур дар ин рақобати сахту сангин тавонист, ки муваффақ шавад. Башири Фахриддин ва Муҳаммад Одинаев медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд.

Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо

Вазни +100 кг

1. Мансур Раҳмон
2. Иброҳим Элмуродов
3. Башири Фахриддин
3. Муҳаммад Одинаев

Ҷараёни сабқатҳоро Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» тариқи студияи сайёр сабт карда, бо сифати баланд манзури тамошобинон гардонид.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чемпионати Тоҷикистон- ин марҳилаи омодагӣ бо мақсади баланд бардоштани малакаи варзишгарон ва дарёфти чеҳраҳои нав ба Мусобиқаи байналмилалии Гран Прии Душанбе маҳсуб мешавад, ки моҳи июн бори аввал дар Тоҷикистон доир мегардад.

АКС: Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе

Февраль 13, 2023 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
Дар Хоруғ Варзишгоҳи марказӣ аз нав таъмир гардид
ФУТБОЛ. Дарко Илиески ва Павел Назаренко ба ҳайати бозигарони дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пайвастанд
ҶОМИ «INNOPROM — 2024». Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб аз ин мусобиқот бо медали биринҷӣ ба Ватан баргашт
Темур Раҳимов маротибаи дуюм парчамбардори дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ мешавад
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон мулоқот намуданд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Имрӯз дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Узбекистон барои ҷойи сеюм байни ҳам бозӣ мекунад
ФУТБОЛ. Никола Стошич ба дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргашт
Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳои моҳи июнро дар мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонон маълум намуд
Футзалбозони тоҷик бо дастаҳои мунтахаби Испания ва Нидерланд бозиҳои дӯстона анҷом медиҳанд
ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот ба медалҳои тилло сарфароз гардиданд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар Афғонистон ғолиб омад