Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 12 ҳазору 717 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор кард
ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳал 12 ҳазору 717 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 11140 дастур дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Раиси Кумитаи давлатӣ иброз дошт, ки «дар баробари ин нисбат ба 11020 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 5 млн 643 ҳазору 760 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардиданд, ки аз ин 4 млн 664 ҳазору 830 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шуд».
Дар давраи ҳисоботӣ дар самти истифодаи заминҳои кишоварзӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба зиёд намудани зироати мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла ғалладонагиҳо, пахта, картошка ва сабзавот дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон (президентӣ) ва наздиҳавлигӣ равона гардида, корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва назорати кишт аз рӯйи дурнамои тасдиқшуда идома ёфтанд.
«Яке аз самтҳои муҳими дигари фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ- ин назорати самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва гирифтани ду-се ҳосил аз ин заминҳо мебошад. Ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов, холимонда ва заминҳои корами обӣ, ки ҳамчун заминҳои лалмӣ истифода бурда мешаванд, корҳои муайян ба сомон расонида шуданд. Соли 2022 аз чунин намуд заминҳо майдони умумии 2166 гектар, аз он обӣ- 1769 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд.
Аз ҷумла, майдони 1437 гектар, аз он обӣ- 1180 гектар аз ҳисоби заминҳои партов, чарогоҳ ва дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда ва заминҳои кораме, ки аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд, майдони 729 гектар, аз он обӣ- 589 гектар ба гардиш ворид карда шуданд»,-гуфт Ориф Хоҷазода.
Раъно Нусратулло,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд






