Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон соли 2022 ба 115,7 миллиард сомонӣ баробар гардид

Февраль 18, 2023 08:43

ДУШАНБЕ, 18.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи омори расмӣ, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ соли сипаригардида ба 115,7 миллиард сомонӣ ва суръати воқеии афзоиши он ба 8,0 фоиз баробар гардид.

17 феврал зимни нишасти матбуотӣ доир ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар соли 2022 ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ гуфта шуд, ки рушди иқтисодӣ асосан аз ҳисоби соҳаҳои саноат 15,4 фоиз, кишоварзӣ- 8,0 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ- 11,4 фоиз хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ- 16,0 фоиз, мусофиркашонӣ- 13 фоиз, гардиши савдо- 11,2 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ- 14,9 фоиз таъмин гардид.

Иброз гардид, ки нақшаи пешбинишудаи даромад аз ҳисоби воридоти андозӣ дар сатҳи 106,5 фоиз ё ба маблағи 21,8 миллиард сомонӣ ва нақшаи даромади ғайриандозӣ 118,5 фоиз ё 2,4 миллиард сомонӣ иҷро шуд. Инчунин ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 2,0 миллиард сомонӣ ворид шуда, иҷрои нақша дар сатҳи 97,0 фоиз таъмин гардид.

Бо дахли татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ тазаккур дода шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,8 миллиард сомонӣ аз худ гардидааст. Аз он 3,7 миллиард сомонӣ ё 55 фоизро маблағҳои грантӣ ва 3 миллиард сомонӣ ё 45 фоизро маблағҳои қарзӣ ташкил медиҳанд.

Таъкид шуд, ки аз ҳисоби хизматрасониҳои пулакӣ ба суратҳисоби махсуси ташкилоти буҷетӣ 3,3 миллаирд сомонӣ ворид гардид.

Дар ин давра Вазорати молияи мамлакат фаъолияташро ба татбиқи чорабиниҳо барои пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, суғуртавӣ, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматноки давлатӣ, хазинаи сарватҳои давлатӣ, ба Буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои давлатӣ равона намуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 18, 2023 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд