«МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН». Аввалин магистрантон соҳиби диплом гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал аввалин магистрантони магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» соҳиби диплом гардиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими хатми аввалин магистрантони магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ва магистратураи хизматчиёни давлатии таҳсилоти шабона баргузор шуд.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки ҳамасола дар доираи ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар самти зинаи магистратураи рӯзона 60 нафар ва дар самти зинаи магистратураи таҳсили шабона то 65 нафар хизматчиёни давлатӣ мувофиқан дар муддати як ва ду сол ба таҳсил ҷалб карда мешаванд. Ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, имрӯз қисми зиёди хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Баҳри таъмини баробарии гендерӣ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти иштироки занон дар хизмати давлатӣ соли 2023 дар зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» 44 нафар магистрантон, ки аз онҳо 23 нафарашон зан буд, таҳсил намуданд.
Инчунин дар зинаи магистратураи хизматчиёни давлатии Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз шумораи умумии 50 нафар магистрант 12 нафари онҳоро занону бонувони ташаббускор ташкил дод.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон









Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






