МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми шинонидани дарахт ба навъҳое бояд диққат дод, ки тобоварии табиии зиёд дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон мавсими ниҳолшинонӣ оғоз гардидааст. Агар хоҳед, ки ниҳоли шинонидаатон сабзаду ҳосили хуб ба бор орад, бояд дар вақти шинонидан чуқурии 40 см кобед, яъне ҷои шинонидани ниҳол бояд ду-се маротиба аз решаи он васеътар бошад. Инчунин дар вақти кофтани чуқурӣ хокро ба се қисм ҷудо намоед, яъне хоки болои заминро барои реша, хоки миёнара барои қисми миёна ва хоки аз таҳи чуқурӣ гирифтаро дар боло гузошта, бехи ниҳолро сахт фишор бояд дод. Чунин маслиҳат медиҳад доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба ниҳолпарварони мамлакат.
Ба андешаи Ҳикматулло Назиров, «парвариши ниҳоли солим ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартӣ аз ниҳолпарвар вобастагии калон дорад. Ниҳоли ба стандарт ҷавобгӯ бояд 1,40-1,50 метр баландӣ дошта бошад. Инчунин ба решаи он низ бояд таваҷҷуҳи бештар дода шавад. Дар ҳолати шинондани ниҳол як ҳиссаро пору ва се ҳиссаи онро хок ташкил дода, то давраи сабзиш намии хок бояд нигоҳ дошта шавад».
«Барои аз ниҳолҳои шинонида ҳосили баланд гирифтан бояд ба тарзи буриши шохҳои он аҳамият дод. Зеро шохҳое ҳастанд, ки ҳосил намедиҳанд ва ба сабзиши дигар шохҳои ҳосилдеҳ монеа эҷод менамоянд. Бинобар ҳамин чунин шохҳоро тарзе буридан зарур аст, ки ба хушкшавии дарахт оварда нарасонад. Дар соли дуюми нашъунамои ниҳол дар мавсими зимистон зарур аст, ки шохаҳои калонро бурида, дарозии навдаҳои нав 25-30 сантиметр монда шавад, ки ин ба инкишофи шохаҳои нав мусоидат мекунад»,-таъкид намуд коршинос.
Номбурда, илова кард, ки «пас аз буридани навдаҳо бояд дар ҷойҳои бурида оҳак молида шавад, зеро ин кор навдаҳоро аз ҳашароти зараррасон муҳофизат мекунад. Имрӯзҳо баъзе аз нафарон ба ҷойи буридашуда хок ва лой мемоланд, ки ин қатъиян манъ аст. Агар ба ҷойҳои буридашуда оҳак намолем, он хушк шуда, макони ҳашароти зараррасон мегардад».
Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки барои нашъунамои хуби ниҳол ба он поруҳои маҳаллӣ ва нуриҳои минералӣ додан мумкин аст. Яке аз роҳҳои дигари ҳосили хуб гирифтан ин аст, ки моҳҳои декабр ва январ бояд ба боғ яхоб монда шавад. Зеро ин амал, бино ба ақидаи мавсуф, ниҳолро карахт нигоҳ медорад ва аз сардиҳои аввали баҳор муҳофизат мекунад. Инчунин ба нарм намудани зери ҳар бех ниҳол бояд аҳамият дода шавад, то ки ҳангоми иҷрои ин амал ба решаҳои он зарар нарасад.
Ба тавсияи доктори илмҳои кишоварзӣ, боғпарварон қабл аз бунёди боғ бояд қитъа, намуд, вазъи дарахтон ва таркиби химиявии хокро муайян кунанд. Дар вақти бунёди боғ таъсири манфии иқлимро ба ҳисоб гирифта, дар талу теппа ва баландиҳои гуногун ҷойгир намудани навъҳои ба хунукии зимистон тобовар бояд ба назар гирифта шавад. Инчунин ба навъҳое бояд диққат дод, ки тобоварии табиии зиёд дошта бошанд. Самти ҷойгиршавии қатори дарахтони тавсияшавандаи бунёди боғ – шимолу ҷануб мебошад, ки ин усул баҳри бо рӯшноии хуб таъмин шудани дарахт мусоидат менамояд.
«Сабзкорию ободонӣ кори дастҷамъона аст ва дар самти ҳифзи дарахтону буттаҳо ва гулҳо бояд ҳамагон масъулият дошта бошанд. Сабзкориву ниҳолшинонӣ на фақат аҳамияти бузурги хурраму зебогардонӣ дорад, балки хатарҳои мудҳиши экологиро низ аз байн мебарад. Як дарахте, ки мо мешинонем, дар як сол 120 кг оксиген хориҷ мекунад. Аз ин рӯ сокинонро даъват мекунам, ки дар корҳои созандагию бунёдкорӣ бо масъулияти баланд саҳм гузоранд»,- таъкид намуд доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор тонна зардолуи хушк содирот карда шуд
Хадамоти алоқа: Соли 2025 ҳаҷми хизматрасонии почта дар Тоҷикистон беш аз 18 миллион сомониро ташкил дод
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шурои диссертатсионии нав таъсис ёфт
САДА — ҶАШНЕ ТАВЪАМ БО КАЙҲОНУ СОЛШУМОРӢ ВА КИШТУ КИШОВАРЗӢ. Дар Душанбе онро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон: «Истихроҷи нафт дар мамлакат афзоиш ёфтааст»
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот» таҳия карда шуд
Аз Тоҷикистон беш аз 190 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИЗОМИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Аз 1 июли соли 2026 истифодаи ҳатмии рамзи ягона барои соҳибкорони инфиродӣ ҷорӣ мегардад






