Нақлиёт бо 10 нафар мусофир аз умқи панҷметра ба самти рӯди Шоҳдара берун оварда шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал дар километри 8-уми роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа нақлиёти мусофиркашӣ бо даҳ нафар мусофир дар натиҷаи фаромадани тарма ба умқи панҷметраи соҳили рӯди Шоҳдара фурӯ рафт. Хушбахтона, дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ набуд ва ҳамаи мусофирон бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гуфта шуд, ки наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи мазкур дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дастаи имдодгарони ихтиёрии Хазинаи Оғохон оид ба зистгоҳ ба зудӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд. Маълум карда шуд, ки ҳамаи мусофирон зиндаву саломатанд, вале ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Нақлиёти мазкур аз ҷониби сокини 36-солаи деҳаи Риҷести Ҷамоати деҳоти Тусёни ноҳияи Роштқалъа идора мешуд ва аз шумори 10 нафар мусофирон ду нафар зан будаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз ронандагони мошинҳо хоҳиш мекунад, ки ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд. Сокинон низ дар ин рӯзҳо бояд аз сафарҳои бидуни зарурат ба мавзеъҳои тармахез муваққатан худдорӣ намоянд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






