Наҷотдиҳандагони тоҷик аз зери харобаҳои заминларза дар Қаҳрамонмараш 168 ҷасадро берун оварданд
ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони тоҷик дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия аз зери харобаҳову вайронаҳо ҷасади 33 нафарро берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, теъдоди ҷасадҳои ёфтаи наҷотдиҳандагони тоҷик аз зери биноҳои харобшуда дар Туркия ба 168-то расид. Дар ин байн се нафарро зинда берун оварданд, ки ду нафари онҳо тифлон буданд.
Ҷустуҷӯи ҷасадҳо ва рафъи пайомадҳои зилзилаи мудҳиши Туркия идома дорад.
Бино ба хабарҳои расмӣ, то кунун дар ин офати табиӣ дар Туркия ва Сурия беш аз 41 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 50 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои заминларза ба Ҷумҳурии Туркия рафтанд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, субҳи барвақти 10 феврал наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Қаҳрамонмараши Туркия ба корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳии зарардидагони заминларзаи шадид оғоз намуданд.
Гурӯҳи мазкур аз наҷотдиҳандагони баландихтисос, ҷарроҳ ва духтур — травматолог (шикастабанд) иборат аст.
Хотиррасон мешавем, ки якҷоя бо гурӯҳи наҷот аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳои башардӯстонаи зарурии аввалин низ фиристода шуданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ








Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад






