Намояндагони шаҳрдорӣ ва мақомоти Туркия ба наҷотдиҳандагони Тоҷикистон изҳори сипос намуданд

Февраль 13, 2023 15:19

ДУШАНБЕ, 13.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони шаҳрдорӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Туркия (AFAD) ба наҷотдиҳандагони Тоҷикистон барои кумак изҳори сипос карданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

12 феврал раиси шаҳри Қайсарӣ- маркази бузурги саноатии Туркия ва қадимтарин шаҳри Кападокияи Туркия Гокмен Чичек бо сардори гурӯҳи наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Исозода, ки дар шаҳри Қаҳрамонмараш ба ҷустуҷӯ ва наҷот машғуланд, вохӯрӣ намуд.

Дар мулоқот Гокмен Чичек ба Ҳукумати Тоҷикистон, наҷотдиҳандагони тоҷик ва мардуми Тоҷикистон барои корҳои ҷустуҷӯиву наҷот, ёрии тиббӣ ва кумак дар пайдо кардани одамони зери харобаҳо дар сатҳи баланд изҳори сипос кард.

Ҳамзамон Вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу зимни боздид аз шаҳри Қаҳрамонмараш, ки бар асари заминларза хароб шудааст, ба наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  миннатдорӣ баён   кард.

Сулаймон Сойлу ҳамчунин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пуштибонӣ аз офатзадагони Туркия ва ирсоли кумаки фаврӣ сипосгузорӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки 50 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ рӯзи  сеюм аст, ки дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия ба корҳои ҷустуҷӯиву наҷот машғул мебошанд. То имрӯз бо фаъолияту кӯшиши  онҳо 78 ҷасад ва се нафари зинда аз зери вайронаҳо берун оварда шуданд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ

Февраль 13, 2023 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон