Намояндаи Тоҷикистон дар Анҷумани байналмилалии илм ба таври маҷозӣ иштирок намуд

Февраль 14, 2023 18:39

ДУШАНБЕ, 14.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Намояндаи Тоҷикистон дар Анҷумани байналмилалии илм бахшида ба солгарди 8-уми Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм, ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид доир гардид, ба таври маҷозӣ иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Дар он тибқи тартиби муқарраргардида Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода сухан гуфт.

Созмондиҳандагони асосии Анҷумани 8-ум намояндагиҳои доимии давлатҳои Чили, Антигуа, Малта, Лаҳистон, Португалия, Филиппин, Руанда, Словакия ва Испания дар Созмони Милали Муттаҳид мебошанд.

Анҷумани мазкурро намояндагони доимии Тоҷикистон, Антигуа, Барбуда, Андорра, Ангола, Арманистон, Австрия, Баҳамас, Бангладеш, Колумбия, Коста-Рика, Ҷумҳурии Доминикано, Гвинеяи экваторӣ, Финляндия, Фаронса, Руминия, Корея, Сан-Марино, Словения, Танзания ва Туркия дар Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд (UNCTAD), Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсионӣ (ITU) ва Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) сарпарастӣ менамоянд.

Мавзӯъ ва ҳадафи Анҷумани 8-ум навоварӣ, рушд, болоравӣ, пешрафт ва устуворӣ буда, ба сиёсатгузорон дар ҳамаи сатҳҳо ҷиҳати дар оянда таҳким бахшидан ба иртибот байни илм, сиёсат ва ҷомеа мусоидат менамояд.

Таваҷҷуҳи асосии Анҷуман ба нақши занону духтарон ва илм дар раванди бозбинии Ҳадафҳои рушди устувор, хусусан ба Форуми сатҳи баланд, Ҳадафҳои рушди устувор 6, 11 ва 17 равона гардида, дар баробари он пайгирии муҳокимаҳои чорабиниҳои «Об моро муттаҳид месозад», Конфронси дуюми байналмилалии «Даҳсолаи амал об барои рушди устувор, 2018-2028», дуввумин Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус, Конфронси оби ин Созмон-2023 ва дигар форумҳои Созмони мазкур саҳм мегузорад.

Ҳамзамон дар доираи анҷуман 11 феврал аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми занони ихтироъкор дар соҳаи илм» бо иштироки бонувони ихтироъкор, аспирантону магистрон, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ҳамоиш доир гардид.

Ҳамзамон 24 феврал баргузории Конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илм», ки ҳамасола дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир мегардад, дар назар аст.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 14, 2023 18:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд