НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳамкории мутақобила омили асосии паст намудани сатҳи коррупсия мегардад

Февраль 18, 2023 11:02

ДУШАНБЕ, 18.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҷумҳурӣ ҳамкории байналмилалиро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоти байналмилалӣ ба таври дахлдор ба роҳ мондааст. Дар ин хусус 17 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.

Баҳри тақвияти ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Агентӣ соли 2022 бо мақомоти салоҳиятдори мубориза бо коррупсияи давлатҳои Фаластин, Беларус ва Озарбойҷон ду Созишномаи ҳамкорӣ ва як Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид.

Ҳадафи имзои ёддошти тафоҳум ва созишномаҳо- муайян намудани самтҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи муқовимат ба коррупсия буда, барои андӯхтани тарҷибаҳои илмӣ-амалӣ дар ин самт равона гардидааст.

Ногуфта намонад, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоиву иқтисодии давлат эътироф гаштааст.

Мавҷудияти коррупсия, паҳншавӣ ва афзудани он сутуни давлатдориро заиф гардонида, обрую нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ коста мегардонад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 18, 2023 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид