НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар конҳои сангҳои ороишии Тоҷикистон 14 корхона тибқи иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи қаъри замин фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 01.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 100 кон ва зуҳуроти сангҳои ороишӣ ва бинокорӣ ба омӯзиши геологӣ фаро гирифта шуда, дар айни замон дар конҳои сангҳои ороишии мамлакат 14 корхона тибқи иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи қаъри замин фаъолият менамоянд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар ҷамъи хабарнигорон баён дошт.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 иброз намуданд, ки «ҳоло, ки корҳои ободониву созандагӣ, сохтмони биноҳои таъйиноти гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна ва иншооти иҷтимоӣ торафт вусъат гирифта истодаанд, талабот ба масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла сангҳои ороишӣ зиёд гардида, як қисми онҳо то ҳанӯз аз хориҷи мамлакат ворид карда мешавад.
Дар солҳои 2021 – 2022 ба кишвар ба маблағи қариб 10 миллион доллари америкоӣ сангҳои ороишӣ ворид гардида, танҳо хароҷоти интиқоли онҳо беш аз 2 миллион долларро ташкил додааст.
Дар Тоҷикистон захираи сангҳои бинокорӣ, аз ҷумла мармару хоро фаровон аст, ки дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ ба онҳо талабот зиёд мебошад».
Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки бо дарназардошти имконоти зикршуда пурра ба роҳ мондани истихроҷ ва коркарди онҳо, аз ҷумла сангҳои ороишӣ метавонад яке аз манбаъҳои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, зиёд намудани содироти маҳсулот ва дар маҷмӯъ, таъминкунандаи рушди иқтисоди мамлакат гардад.
Сарвари давлат Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Агентии содиротро вазифадор карданд, ки якҷо бо Саридораи геология ва корхонаҳои соҳа ояндаи наздик истихроҷ ва то маҳсулоти ниҳоии сохтмон коркард кардани сангҳои ороишӣ ва содироти онҳоро ба хориҷи мамлакат ба роҳ монанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд






