НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли гузашта 770 ҳолати вайрон намудани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шуд

Февраль 3, 2023 11:35

ДУШАНБЕ, 03.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар Тоҷикистон 770 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба риоя накардани талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шуд. Чунин таъкид намуд Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар нишасти матбуотӣ ба доираи васеи рӯзноманигорон.

Ба гуфти Сулаймон Давлатзода, қонуншиканӣ вобаста ба ба риоя накардани талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (681) 89 ҳолат бештар мебошад.

«Кумита дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қарорҳо, инчунин фармоишҳои Ҳукумати мамлакат ба роҳ монд. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, дар маҷмӯъ 4058 адад иттиҳодияи динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, фаъолият намуда истодаанд», — илова кард Раиси Кумита.

Тазаккур дода шуд, ки дар ин давра аз ҷониби Кумита дар асоси 465 дархост 54 060 номгӯй адабиёти динӣ дар шакли чопӣ ва электронӣ, 13264 адад варақа аз саҳифаҳои интернетии истифодабарандагон, инчунин 370 адад фитта, 47 адад телефони мобилӣ, 3 адад флешкорт, 3 ноутбук ва 1 адад протсессори дорои 16389 адад сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор дода шуд. Аз ин теъдод ба 274 дархост бинобар мавҷуд будани нишонаҳои ифротӣ хулосаи манфӣ ва ба 191 дархост хулосаи мусбат дода шуд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2023 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид