ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. 25 феврал дар Тоҷикистон вазъи номусоиди ҳаво дар назар аст
ДУШАНБЕ, 23.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал бо сабаби ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани анбӯҳи ҳавои сард аз самти Сибири Ғарбӣ номусоид шудани вазъи ҳаво пешгӯӣ шуда, дар қисми зиёди ноҳияҳои мамлакат пастшавии ҳарорат то 10-12 дараҷа дар назар аст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба гуфти манбаъ, бинобар ворид шудани ҳавои сард 25 феврал рӯзона дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошиддат ба амал омадани борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Инчунин дар қисми зиёди ноҳияҳо пастшавии ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа дар назар аст.
23-26 феврал дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Нуробод-Тавилдара, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Шуғнон, Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Ишкошим фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад.
Бинобар сабаби боронҳои пуршиддат 25 феврал дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон, баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани сел аз эҳтимол дур нест.
АКС: АМИТ «Ховар»








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






