ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ ҲАНГОМИ ЗАМИНЛАРЗА ВА НАҶОТ ЁФТАН АЗ ОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон тавсия медиҳад

Февраль 16, 2023 08:41

ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Заминларза падидаест, ки ногаҳонӣ ба вуҷуд меояд ва аксар мавридҳо одамонро ба таҳлука меорад. Аз ин рӯ дар ҳама ҳолатҳо, зимни  рух додани офатҳои табиӣ ё ҳодисаҳои нохуш инсонҳо бояд  омода бошанд. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани заминларза чӣ гуна худро бояд наҷот дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». 

Амал ҳангоми заминларза

Вақте шумо таконеро эҳсос  кардед ва ё дидед, ки қандили хонаи шумо ба ҷунбиш меояд, чизу чора аз боло ба поён меафтанд, садои ба ҳам бархӯрдани шишаҳо шунида мешавад, фавран аз хона берун бароед. Шумо хеле вақти кам доред, аз аввали эҳсоси такон то гузаштани замони хатар барои бино ҳамагӣ 15-20 сония аст.

Барои беруни бино шудан шумо ҳатман аз зинаҳо истифода кунед, ба лифт ҳаргиз нанишинед, чун имкон дорад қувваи барқ хомӯш шавад ва шумо дар дохили лифт монед, ки ин ба ҷонатон метавонад хатар дошта бошад. Оромиро ҳифз кунед ва дигаронро низ ором кунед. Бахусус кӯдаконро наҳаросонед. Вақте ба кӯча баромадед, аз назди биноҳо дуртар равед, дар фазои кушод қарор гиред. Вале агар имкони берун рафтан наёфтеду дар хона мондед, дар ҷойи бехатар истед: зери деворҳои дохили бино, дар кунҷи хона. Агар имкон бошад, худро зери миз паноҳ диҳед.

Ҳаргиз аз гӯгирд ва ё шамъ истифода накунед, чун агар газ ихроҷ шуда бошад, ин сабаби таркиш ва сӯхтор мешавад. Худро аз зери ноқилҳои барқ дуртар гиред.

Агар шумо савори мошинед, пас дар ҷойи худ қарор гиред, то замоне, ки такони замин ба охир намерасад, аз мошин берун нашавед.

Ҳамеша омодаи кумак ба одамони дигар, ба атрофиён ва пайвандонатон бошед.

Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолест, ки 6 феврал дар музофоти Каҳрамонмараши ҷанубу шарқи Туркия заминларза бо шиддати 7,7 балл рух дод. Таконҳои зеризаминӣ ва садҳо пасларзаҳо дар 10 музофоти ин давлат, инчунин дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Сурия эҳсос карда шуданд.

Ба ҳолати 14 феврал теъдоди одамони бар асари зилзила дар ҷанубу шарқи Туркия ҳалокшуда ба 31,6 ҳазор нафар ва шумораи зарардидагон ба 80 278 нафар расида, 6444 бино хароб шудаанд.

Маслиҳати наҷотдиҳанда-шаҳрванди Туркия ҳангоми заминларза

 Дар робита ба заминларза маслиҳати як нафар наҷотдиҳанда-шаҳрванди  Туркияро, ки имрӯзҳо пайи  ҷустуҷӯ ва наҷоти одамон дар биноҳои бар асари заминларзаи шадид  тахрибшуда фаъолият дорад ва андешаҳояшро тариқи сомонаи иҷтимоӣ ба саҳми шаҳрвандони дигар давлатҳо мерасонад, ки чӣ гуна бояд дар вақти заминларза худ ва дигаронро наҷот дод, пешниҳод менамоем.

Ӯ мегӯяд, ки агар шумо ҳангоми заминларза дар назди кати хоб бихобед, шумо имкони наҷотёбӣ доред. Муҳим, ки нагурезед. Ҷасади аксари одамон аз харобаҳо аз байни зинапояҳо пайдо мешавад. Вақте ки заминларза рух дод, онҳо кӯшиш кардаанд, ки фирор кунанд. Ин дуруст нест. Беҳтараш зери ягон ҷиҳози сахти хона паноҳ шавед.

Агар шумо аз заминларза ҷон ба саломат бурдед бо худ обу шакар гирифтан хуб  аст. Шакар баданро муддати дароз қувват мебахшад. Инчунин дастгоҳи овоздеҳ гиред, масалан телефон ё ҳуштак, зеро бо гузашти вақт шумо беқувват ва нафаскашиатон танг мегардад, аз ин рӯ ин ашё метавонанд ба шумо кумак кунанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2023 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд